Персеполиси Эрон ноиби қаҳрамони футболи Осиё шуд +филм
(last modified Sat, 19 Dec 2020 15:39:30 GMT )
Декабр 19, 2020 20:39 Asia/Dushanbe

Бозии байни дастаҳои футболи Персеполиси Эрон ва Улсан Ҳюндайи Кореяи Ҷанубӣ дар марҳилаи ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё асри имрӯз бо натиҷаи 2: 0 ба фоидаи кореягиҳо хотима ёфт ва Персеполис, дар айни шоистагӣ аз расидан ба ҷоми қаҳрамонӣ бозмонд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар ин бозӣ, ки дар варзишгоҳи «Ал-Ҷануб» шаҳри Дуҳаи пойтахти Қатар баргузор шуд тими Персеполиси Теҳрон дар дақиқаи 44 нимаи аввал тавонист дарвозаи ҳарифи Кореяро боз кунад, аммо ин поёни кор набуд ва пеналтӣ, ки Абдураҳмони Ҷосим довари Қатарӣ бо кумаки видеои Чехия гирифт боис шуд дарвозаи ин тим аз рӯи нуқтаи  пеналтӣ боз шавад.

Дар нахустин дақоиқи нимаи дувум низ тими Персеполис бо иштибоҳи яке аз бозикунонаш бори дигари як мавқеияти пеналтиро дар ихтиёри тими ҳариф гузошт то Улсан Ҳюндайи Кореяи ҷанубӣ дувумин голи худро ҳам аз рӯи нуқтаи пеналтӣ вориди дарвозаи сурхпӯшони эронӣ кунад.

Дар ниҳоят лигаи футболи қаҳрамонони Осиё бо қаҳрамонии Улсан Ҳюндайи Кореяи ҷанубӣ ба итмом расид ва намояндаи Эрон аз фатҳи ҷоми қаҳрамонӣ бозмонд.

 

Бештар бихонед: