Эрон оини Ялдоро дар ЮНЕСКО сабт мекунад
Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, соли оянда Шаби Ялдоро ба унвони мироси номалмӯси минтақа дар ЮНЕСКО ба сабт хоҳем расонд.
Ба гузориши ИРНА, Саиди Хатибзода дар нишасти видеоконфронсӣ бо унвони «Ялдо, ҳамбастагии минтақаӣ» бо ишора ба қидмати ин оини бостонӣ ба нақши он дар ҳамгароӣ ва сулҳ миёни мардумони минтақа ишора кард ва афзуд, аз гузаштаҳои дур, «Шаби Ялдо» ё ҳамон «шаби чилла», шаби пирӯзии нур бар зулмат ва намоде аз мусовоту баробарӣ миёни эрониён будааст.
Вай идома дод, нигоҳи фарҳангӣ ба ҳавзаи тамаддунии кишварҳои минтақа рӯз барӯзи қавитар мешавад ва унсури фарҳангӣ ҳамчун оинҳои шаби Ялдо авомили ваҳдатбахши мардуми минтақа ҳастанд.
Дар ин нишаст, ки бо ҳадафи посдошти оини куҳани шаби Ялдо ва табйини нақши он дар ҳамбастагии мардумони ин минтақа ба сӯрати видеоконфронс баргузор шуд, Низомиддин Зоҳидӣ, сафири ҷумҳурии Тоҷикистон, Авазбек Абдуразоқов, сафири ҷумурии Қирғизистон, Абдулғафур Ливол, сафири ҷумҳурии исломии Афғонистон, Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил, раиси Бунёди Саъдӣ ва Фарҳангистони забону адабиёти форсӣ ва бархе устодони донишгоҳ суханронӣ карданд.
Оини Ялдо, яке аз куҳантарин ҷашнҳои эронӣ аст, ки дар он баландтарин шаби сол гиромӣ дошта мешавад.
Хонаводаҳои эронӣ дар шаби Ялдо даври ҳам ҷамъ мешаванду ва шабро бо хӯрдани анвоъи оҷил(нуқл) ва мева ва роиҷтар аз ҳама ҳиндивона(тарбӯз) ва анор ва бо қиссагӯӣ, ҳофизхонӣ ва шоҳномахонӣ сипарӣ мекунанд.
БЕШТАР БИХОНЕД: