Раиси муассисаи фарҳангии ЭКО: Камоли Хуҷандӣ мояи пайванди якчанд кишвар аст
(last modified Mon, 21 Dec 2020 11:37:59 GMT )
Декабр 21, 2020 16:37 Asia/Dushanbe
  • Раиси муассисаи фарҳангии ЭКО гуфт Камоли Хуҷандӣ якчанд кишварро ба ҳам пайванд додааст
    Раиси муассисаи фарҳангии ЭКО гуфт Камоли Хуҷандӣ якчанд кишварро ба ҳам пайванд додааст

Раиси муассисаи фарҳангии ЭКО дар маросими гиромидошти ҳафтсадумин солгарди таваллуди Камоли Хуҷандӣ гуфт: ин шоир якчанд кишварро ба ҳам пайванд медиҳад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, раиси муассисаи фарҳангии ЭКО Сурури Бахтӣ, ки мақари он дар Эрон аст дар оини бархатти гушоиши намоишгоҳи « Булбули чаманҳои Хуҷанд»,  ки ба муносибати посдошти ҳафтсадумин солгарди таваллуди Камолиддини Хуҷандӣ баргузор шудааст гуфт: «Ҷои шодмонӣ аст, ки муассисаи фарҳангии ЭКО бо ҳамроҳии Юнеско дар охирин рӯзҳои соли мелодӣ ва дар ҳафтсадумин солгарди таваллуди Камолиддини Хуҷандӣ намоишгоҳи ин ҳунармандро баргузор мекунад.»

 

Сурури Бахтӣ гуфт: «Камолиддин Хуҷандӣ дар Хуҷанд зода шуда ва дар Табрез оромидааст. Ӯ боиси пайванди якчанд кишвар аст, ашъори ӯро мехонанду ҳаловат мебаранд. Ӯ дар камоли донишмандӣ, орифӣ дар ниҳоят дарвешӣ ва бузургзодаӣ намунаи буд.»

Вай афзуд: «ЭКО ин ифтихорро дошт, ки дар соли ннакудошти Камолиддини Хуҷандӣ, китобҳои ӯро чоп кунаду бархе аз китобҳоро низ зери чоп дорад.»

Раиси муассисаи фарҳангии ЭКО ҳамчунин гуфт: «Ашъори бузургону ниёкони мо ба ҳуруфи сириллик баргардонда шудааст  ва албата ин имконро надоштем, ки тамоми ин мероси гаронбаҳоро ба ин хат баргардонем . Аммо дар мактабҳои Тоҷикистон ба донишомӯзон имкони омӯзиши хати ниёгон дода мешаваду ба ҳамин тартиб онҳо меомӯзанд, ки ашъорро ба хати форсӣ бихонанд .»

 

Бештар бихонед: