Декабр 21, 2020 17:46 Asia/Dushanbe
  • Маҷмӯи беморони корона дар Эрон ба як миллиону 164 ҳазору 535 нафар расидааст
    Маҷмӯи беморони корона дар Эрон ба як миллиону 164 ҳазору 535 нафар расидааст

Ҷон бохтани 191 нафари дигар аз мубталоён ба вируси корона дар 24 соати гузашта дар Эрон, шумори қурбониёни ин бемориро ба 53 ҳазору 816 нафар расонид.

Ба гузориши Вазорати беҳдошт ва дармони Эрон, дар 24 соати гузашта 6 ҳазору 151 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид - 19 дар Эрон шиносоӣ ва аз ин теъдод 991 нафар бистарӣ шуданд.

Бар ин асос маҷмӯи беморони корона дар Эрон ба як миллиону 164 ҳазору 535 нафар расидааст.

Ҳамчунин то кунун 894 ҳазору 366 нафар аз беморони коронаӣ дар ин кишвар беҳбуд ёфтаву аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 77 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод дастикам як миллиону 700 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданду ҳудуди 54 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп