Июл 18, 2023 12:42 Asia/Dushanbe
  • Кашфи доруи нав барои дармони Альцгеймер

Донишмандон барои дармони бемории Альцгеймер(фаромушхотирӣ) доруе наве кашф карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Альцгеймер як бемории заволи асабӣ аст, ки маъмулан ба кундӣ оғоз мешавад ва оҳиста-оҳиста рӯ ба вахомат меравад .
Роиҷтарин аломати ибтидоии ин беморӣ ихтилол дар ҳофизаи кӯтоҳмуддат ва мушкил дар ба ёд овардани иттифоқоте аст, ки шахс ба тозагӣ бо онҳо мувоҷеҳ будааст .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, донишмандон аз сохти доруи ҷадиде ба номи Donanemab  барои дармони ин беморӣ хабар доданд.
Дар озмоишҳои болинӣ мушаххас шуд, ки доруи ёдшуда суръати пешрафти бемории Альцгеймерро дар бемороне, ки дар мароҳили аввалияи он ҳастанд, ба мизони ҳудуди сеяк коҳиш медиҳад .
Донишмандон мегӯянд ки доруи Donanemab  дорои аворизи ҷонибии ҷиддӣ аз ҷумла эҳтимоли варами мағзи сар аст.
 

 

Барчасп