Тоҷикон фарзандони воқеии Камоли Хуҷандӣ ҳастанд
(last modified Mon, 21 Dec 2020 17:34:04 GMT )
Декабр 21, 2020 22:34 Asia/Dushanbe
  • мардуми Тоҷикистон талош кардаанд забону адаби форсиро ҳифз кунанд.
    мардуми Тоҷикистон талош кардаанд забону адаби форсиро ҳифз кунанд.

Дабири кулли камиссиюни миллии ЮНЕСКО дар Эрон тоҷикистониҳоро фарзандони воқеии Камолидини Хуҷандӣ хонд.

Ба гузориши ИРНА, Ҳуҷҷатуллоҳ Айюбӣ дар ойини кушоиши намоишгоҳи “Булбули чаманҳои Хуҷанд”, ки барои посдошти ҳафтсадумин солгарди таваллуди Камоли Хуҷандӣ ба сурати маҷозӣ баргузор шуд, гуфт: Ҳамаи касоне ки сарзамини гарми Тоҷикистонро дидаанд, медонанд, ки дар он ҷо забони форсиро ба дурустӣ мешунавему пайдо мекунем, чун мардуми Тоҷикистон талош кардаанд забону адаби форсиро ҳифз кунанд.

Вай афзуд: Онҳо барои ин ки ашъори Фирдавсӣ, Саъдӣ ва Камоли Хуҷандиро ба дурустӣ бихонанд, талош зиёде кардаанду тавваҷуҳи вижае ба фарҳангу адаб форсӣ доранд ва алоқаи онон ба шеъру адаб, ашъори форсиро ҳифз кардааст ва ба ростӣ тоҷикон фарзандони воқеии Камолиддини Хуҷандӣ ҳастанд.

Дабири кулли камиссиюни миллии ЮНЕСКО дар Эрон бо ишора ба раванди рӯ ба тағйири ҷаҳон идома дод: Вақте ба гузаштаву решаҳои худ барме‌гардем, нуқоти муштараки зиёде меёбем ва эҳсоси ягонагиву ҳамдилӣ мекунем ва ин барои мо боиси хушҳоливу хушномӣ аст.

Айюбӣ изҳор дошт: Дар ЮНЕСКО талоши мо ин аст, ки ба ин мероси муштарак бипардозем ва бо барқарории имкони дидори бузургони фарҳангу ҳунар дар кишварҳои ҳамфарҳанг, заминаро барои ваҳдату ҳамдилии пойдор эҷод кунем.

 

Накӯдошти Камоли Хуҷандӣ дар намоишгоҳи интернетии “Булбули чаманҳои Хуҷанд”

Намоишгоҳи “Булбули чаманҳои Хуҷанд” ба баҳонаи накӯдошти Камолиддин Масъуди Хуҷандӣ, маъруф ба шайх Камол ва Камоли Хуҷандӣ, аз орифону шоирони порсигӯи садаи ҳаштуми қамарӣ барпо шудааст.

Дар ин намоишгоҳ осори хушнивисии устод Мирҳусайни Занузӣ аз Эрон ва осори наққошии устод Муҳаммадкарим Рақибов аз кишвари Тоҷикистон дар галереяи маҷозии ЮНЕСКО ба адреси https://gallery.irunesco.org/ қобили боздид аст.

 

Бештар бихонед: