Чаро афсари аршади рус генерал Сулаймониро ҳеҷгоҳ фаромӯш намекунад?
(last modified Wed, 23 Dec 2020 08:53:13 GMT )
Декабр 23, 2020 13:53 Asia/Dushanbe
  • Афсари аршади Русия Евгений Гончаров мегӯяд, ки Шаҳид Қосим Сулаймониро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард
    Афсари аршади Русия Евгений Гончаров мегӯяд, ки Шаҳид Қосим Сулаймониро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард

Мулоқоти 20-дақиқаи Евгений Гончаров, як афсари аршади Русия бо генерал Қосим Сулаймонӣ дар Сурия ӯро чунон мутаассир кард, ки гуфт, Сардор Сулаймониро то охири умр фаромӯш нахоҳад кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Евгений Гончаров низомии рус дар гуфтугӯе ихтисосӣ бо хабарнигори ИРНА ба тавсифи мулоқоту ошноии худ бо Сардор Сулаймонӣ пардохт ва ӯро қаҳрамонии фаромӯшнашуданӣ хонд.

Вай ки чанд бор дар солҳои 2015, 2017 ва 2018 ба Сурия сафар карда ва дар чандин маъмурияти низомӣ дар ин кишвар дар қолаби фармондеҳии нерӯҳои вижа ҳузур доштааст дар бора дидори худ бо сардор Сулаймонӣ мегӯяд: «Қарор буд гурӯҳи мо аз урдугоҳи паноҳандагони Сурия ба номи «Абудхур» дар марз бо Урдун боздид кунаду маъмуриятиро дар ин урдугоҳ анҷом диҳем. Аммо низомиёни амрикоӣ, ки дар наздикии урдугоҳ мустақар буданд, монеи вуруди мо ба он минтақа шуданд.»

Вай меафзояд: «Ҳудуди 200 метр аз исту бозрасии нерӯҳои амрикоӣ, якчанд мошини Ҷип таваққуф карда буд ва якчанд нафар дар наздикии мошинҳо нишаста буданд. Яке аз онҳо ором нишаста буд, ки ба мо пешниҳоди нӯшидани қаҳва доду аз мутарҷими мо пурсид, ки чӣ мехоҳем?  Мо низ гуфтем ки аз мақари бозрасии амрикоӣ наметавонем убур кунем. Ин шахс, ки ором дар ҷамъ нишаста буд ва баъд фаҳмидам фармондеҳи сипоҳи Қудс генерал Қосим Сулаймонӣ аст, ба мутарҷим гуфт, ки масъаларо ҳал мекунаду сипас ба қавлаш амал кард ва моро аз исту бозрасии амрикоиҳо бидуни он ки ба низомиёни Амрико таваҷҷӯҳе кунад, убур дод ва мо тавонистем маъмурияти худро анҷоми диҳем.»

 
 
 
Гончаров мегӯяд: «Аз мутарҷимон, ки узви горди раёсати ҷумҳурии Сурия буд савол кардам ин мард кист?  Гуфт, ки ӯ генерали Сулаймонӣ, генерали дуситораи эронист. Сулаймонӣ марди орому бисёр шуҷоъ буд. 20 дақиқае, ки ӯро мулоқот кардам, кофӣ буд то тамоми умр фаромӯшаш накунам. Ӯ қаҳрамони Эрон ва қаҳрамони Сурияи буд.»

Ин низомии рус ҳамчунин аз кумаки сардор Сулаймонӣ барои наҷоти кумаки халабони болгарди сарнагуншудаи Русия дар Сурия ёд карду гуфт: «Аз он замон генерал Сулаймонӣ барои Русияи чеҳраи шинохташудае аст.»
 

Низомии аршади рус дар поёни гуфтугӯ теъдоде шамъ ба хабарнигори ИРНА дод то дар Эрон ва бар мазори сардор Сулаймонӣ равшан шаваду чанд китоби дуъои масеҳӣ ба забони русӣ таҳвил дод то дар оромгоҳи сардори шаҳид қарор гирад.

 

Бештар бихонед: