Вокуниши Зариф ба фарофиканиҳои Тромп
-
Вазири умури хориҷаи Эрон дар “Твиттер” ба иддаои ҷадиди Трамп зидди Эрон посух дод
Вазири умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба паёми “Твиттер”-ии таҳдидомези Доналд Трамп зидди Эрон, Амрикоро муттаҳам кард, ки ҷони шаҳрвандони худро ба хатар меандозад то афкори умумиро аз шикастҳояш дар маҳори корона мунҳариф кунад.
Ба гузориши ИРНА, Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон бомдоди панҷшанбе дар ин паём ҳамчунин мавориде аз паёмҳои “Твиттер”-ие, ки дар он Трамп, Барак Обама, раиси ҷумҳури собиқи Амрикоро ба талош барои ҳамла ба Эрон муттаҳам карда буд, мунташир кард.
Трамп соли 2012 дар паёми “Твиттер”-ӣ хитоб ба ҷумҳурихоҳон навишта буд: «иҷоза надиҳед, ки Обама аз корти Эрон барои оғози ҷанг ба манзури пирӯзӣ дар интихобот истифода кунад. Ҷумҳурихоҳон! муроқиб бошед.»
Вай соли 2011 низ дар паёми “Твиттер”-ии дигаре навишта буд: « Обама барои онки дар интихобот пирӯз шавад, ҷанг бо Эронро шурӯъ хоҳад кард.»
Дар ҳамин ҳол, Зариф намоя(ҷадвал)-е мунташир кард, ки нишон медиҳад, рӯзҳои нуҳум, даҳум ва шонздаҳуми декабри 2020 рутбаҳои аввал то сеюми пурталафоттарин рӯзҳои Амрико дар сад соли ахир аст ва дар ҳар як аз ин рӯзҳо корона ҷон беши аз се ҳазор нафарро гирифтааст.
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико бомдоди панҷшанбе дар сафҳаи “Твиттер”- ии худ, бидуни ҳеч мадраке ва сирфан бо ба иштирок гузоштани тасвире аз чанд гулӯлаи хумпораи номушаххас, Эронро ба ҳамлаи ракетии рӯзи якшанбе ба сафоратхонаҳои Амрико дар Бағдод муттаҳам кард.
БЕШТАР БИХОНЕД:
- Зариф хитоб ба Трамп: ҷанг дар ҳар шакле бад аст
- Зарифи хитоб ба Трамп: замони бедор шудан аст
- Вазорати хориҷаи Эрон: Амрико бузургтарин таҳдид барои сулҳ ва амнияти ҷаҳонӣ аст