Рӯҳонӣ: умри ҷанги иқтисодӣ ба поён омадааст
(last modified Thu, 24 Dec 2020 10:35:49 GMT )
Декабр 24, 2020 15:35 Asia/Dushanbe
  • Раисиҷумҳури Эрон Доналд Трампро \\\\\\\
    Раисиҷумҳури Эрон Доналд Трампро \\\\\\\"фармондеҳи шарӯри ҷанги иқтисодӣ алайҳи Эрон\\\\\\\" хонд

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, умри ҷанги иқтисодӣ алайҳи Эрон ба саромада ва фармондеҳи шарӯри ин ҷанг дар поёни ҳаёти сиёсии худ аст.

Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи панҷшанбе дар маросими ифтитоҳи тарҳҳои миллии петрошимӣ(нафту кимиё) дар се устони Илом, Озарбойҷони Ғарбӣ ва Ҳамадони Эрон, ки ба сӯрати видеоконфронс баргузор шуд, бо ишора ба поёни даврони раёсатҷумҳурии Доналд Трамп дар Амрико гуфт: «умри ҷанги иқтисодӣ ба поён омада ва он касе, ки фармондеҳии шарӯронаи ин ҷангро бар ӯҳда дошт дар охири умри сиёсии худ аст.»

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон афзуд: «тарҳҳои петрошимии сохти Эрон зарбае бузург ба истикбори ҷаҳонӣ аст, ки талоши фаровон карданд то санъати Эронро таътил кунанд.»

Рӯҳонӣ гуфт: «саросари Эрон дар даврони таҳрим ба як коргоҳи азими иқтисодӣ табдил шуд, ки ҳама дар он ҳузур доранд ва фаъолият мекунанд.»

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар оғози суханони худ айёми милод бо саъодати ҳазрати Исо бин Марям(а)-ро ба ҳамаи масеҳиёни ҷаҳон ва ба хусӯс масеҳиёни эронӣ табрик гуфт.

 

БЕШТАР БИХОНЕД: