Декабр 25, 2020 17:32 Asia/Dushanbe
  • Табрики мелоди ҳазрати Масеҳ (а) аз сӯйи раиси ҷумҳурии Эрон
    Табрики мелоди ҳазрати Масеҳ (а) аз сӯйи раиси ҷумҳурии Эрон

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон фаро расидани мелоди бошукӯҳи ҳазрати Исои Масеҳ (а) ва оғози соли нави мелодии 2021 - ро ба сарони кишварҳои ҷаҳон табрик гуфт.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар паёмҳои ҷудогона ба сарони кишварҳои ҷаҳон, ба муносибати мелоди ҳазрати Исои Масеҳ (а) таъкид кард: Ҷаҳони имрӯз бо буҳронҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва сиёсии бисёре рӯ ба рӯ аст ва сарони кишварҳо бояд дар партави иродаву талоши муштарак, бо ҳамкориҳои минтақаиву ҷаҳонӣ барои бурунрафт аз ин буҳронҳо ва ҳамчунин суръат бахшидан дар раванди мубориза бо вируси коронаву бозгашти зиндагии башар ба риволи маъмул беш аз пеш бикӯшанд.

Руҳонӣ бо баёни ин ки Исо бин Марям (а) паёмбари сулҳу парчамдори меҳрварзӣ ва навъи дӯстӣ аст, ибрози умедворӣ кард: Башари имрӯз, ба вижа пайравони тамоми адёни осмонӣ бо такя ба омӯзаҳои хуби анбиёи илоҳӣ ва бо пайравӣ аз роҳу расми онон битавонанд масири таъоливу камоли инсониро тай кунанд.

Рӯзи ҷумъа, 25 декабри соли 2020 солрӯзи мелоди фархундаи ҳазрати Исои Масеҳ (а) аст.

 

 Бештар бихонед:

 

Барчасп