Содироти 1,2 миллиард доллари Эрон ба Афғонистон
Дар ҳашт моҳи гузашта 1,2 миллиард доллар коло аз Эрон ба Афғонистон содир шудааст.
Ба гузориши рӯзи якшанбеи ИРНА, бар асоси омори гумруки Эрон дар ҳашт моҳи гузашта токунун беш аз 177, 7 ҳазор тонна милаҳои оҳанӣ ё фӯлодӣ ба арзиши афзун бар 72, 6 миллион доллар ба Афғонистон содир шуд, ки миёнгини қимати ҳар тонна 408 доллар буду дар маҷмӯ саҳми беш аз 6 дарсад аз содирот ба ин кишварро аз они худ кард.
Ҳамчунин ҷадвалҳои марбут ба содироти колоии ғайринафтӣ ба Афғонистон дар давраи ҳаштмоҳаи имсол нишон медиҳад, дар ин муддат 798, 1 ҳазор тонна сементи сафед ба арзиши афзун бар 21, 4 миллион доллар ба ин кишвар содир шуд, ки миёнгини қимати ҳар тонна 27 доллар сабт шудааст.
Давраи ин гузориш содироти 16,2 ҳазор тонна профилҳои оҳану фӯлодро ба арзиши 17,4 миллион доллар ба Афғонистон нишон медиҳад, ки нархи миёнаи 1074 доллар барои як тонна ва беш аз як фоизи ҳаҷми умумии содирот ба ин кишварро ташкил медиҳад.
Бар асоси омори мазбур дар ҳаштмоҳаи имсол 9, 4 ҳазор тонна маснӯот аз оҳану фӯлод ба арзиши 7,8 миллион доллар ба ин кишвар содир шуд, ки миёнгини қимати ҳар тонна 800 доллар сабт шудааст .