Декабр 28, 2020 10:40 Asia/Dushanbe
  • Тими миллии футболи ҷавонони Эрон бо Тоҷикистон ду бозии дӯстона анҷом дод
    Тими миллии футболи ҷавонони Эрон бо Тоҷикистон ду бозии дӯстона анҷом дод

Дастаҳои миллии футболи ҷавонони Эрон ва Тоҷикистон дар дуввумин бозии дӯстонаи худ худ мусовӣ карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз торнамоии федератсияи футболи Эрон, дастаи миллии футболи ҷавонони Эрон дар дуввумин бозии тадорукотии худ дар урдуи Тоҷикистони рӯзи якшанбе дар варзишгоҳи аслии шаҳри Душанбе муқобили тими ҷавонони ин кишвар ба натиҷаи мусовӣ 1-1 расид.

Паймони Додхоҳ дар дақиқаи 30 тими Эронро пеш андохт, аммо дар идома тими мизбон бо зарбаи Ислом Зоиров дар дақиқаи 35-ум бозиро баробар кард ва дар ниҳоят бозӣ бо ҳамон ду гол ба поён расид.

Тими миллии футболи ҷавонони Эрон дар аввалин бозии худ муқобили Тоҷикистон бо натиҷаи як бар сифр шикаст хӯрда буд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп