Ҳаммосаи 9 дей рӯзи басират ва мисоқи уммати бо вилоят гиромӣ бод
(last modified Tue, 29 Dec 2020 05:20:51 GMT )
Декабр 29, 2020 10:20 Asia/Dushanbe
  • 9 дей дар торихзи Инқилоби исломӣ бо унвони рӯзи \
    9 дей дар торихзи Инқилоби исломӣ бо унвони рӯзи \"Басират\" мондагор шуд

Имрӯз (сешанбе) 29 декабр мусодиф аст бо солрӯзи ҳузури ошуроии мардуми ҳаммосасоз ва вилоятмадори Эрон дар роҳпаймоии 9 дейи соли 1388 ҳиҷри- шамсӣ, ки нуқтаи атфӣ дар таърихи инқилоб ва барги заррини дигаре дар ифтихороти мардуми Эрони исломӣ маҳсуб мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон; Нуҳуми дейи соли 1388 ( 30 декабри 2009 ) ёдовари роҳпаймоии миллионии мардуми Эрон дар эъломи бароат аз сохтори шиканони ҷомеа ва посухии қотеъ ба ансури фитнагарӣ буд, ки ба баҳонаи тақаллуб дар даҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон, масири бероҳаро дар пеш гирифта буданд.

Ҳаммосаи 9 дей намоди иззат, истиқлолу басирати мардумӣ аст ки то пойи ҷон барои ҳифзи усули ислом ва ормонҳои инқилобӣ истодаанд ва бо садои расо эълом карданд, ки агар душман зидди дини онҳо истад, онҳо бар зидди тамоми ҷаҳони онҳо  хоҳанд истод.

Нуҳуми дей дар торихи инқилоби исломӣ бо унвони рӯзи «басират» табдил ба Явмуллоҳ ва мондагор шуд;  дар ин рӯзи мондагору торихӣ миллат ҳамеша дар саҳнаи Эрони исломӣ, ҳаммосаи дигаре офарид ва душманони худо ва динашро ноумед кард.

Мардуми Эрон дар ин рӯз пушти пайкари номубораки фитнаро ба хоки молиданд ва машрӯияти сиёсии низоми исломии Эрон бори дигар бо ҳузури худҷӯши даҳҳо миллионии мардум дар Теҳрон ва дигар шаҳрҳои Эрони исломӣ ба ҷаҳонён эълом шуд .