Декабр 29, 2020 12:18 Asia/Dushanbe
  • Дандони ширии як кӯдаки неандерталӣ
    Дандони ширии як кӯдаки неандерталӣ

Дандони ширии як кӯдаки неандерталиро, ки дар ғори "Қалъаи Курд" дар минтақаи Оваҷи шаҳри Қазвин дар шимолу ғарби Эрон кашф шудааст, рӯнамоӣ карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, ин дандон дар ковушҳои муштараки тимҳои бостоншиносии Эрон ва Фаронса дар ғори Қалъаи Курди Оваҷ кашф шудаасту қадимитарин узви кашфшуда аз инсони неандертол ё аввалия дар Эрон ба шумор меравад.

Дандони инсонии неандерталӣ ба ду озмоишгоҳи Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида фиристода шуд ва натиҷаҳои шиносоии радиокарбонҳо нишон медиҳанд, ки қадимтарин тамаддуни башарии неандерталӣ дар Эрон аз тақрибан 100 ҳазор сол пеш дар ғори Қалъаи Курди Оваҷ  будааст.

Ёфтаҳои бостоншиносӣ нишон медиҳад, ки  ғори Қалъаи Курд ҷузви қадимитарин сукунатгоҳҳои Эрон бо қудумати 100 ҳазор сол аст.

Инсонҳои неандертал аз насли феълии инсонҳо ва шикорчии ҳайвонот будаанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп