Раҳбари инқилоб сиёсатҳои куллии интихоботи Эронро иблоғ карданд
Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар иҷрои банди як асли 110-и Қонуни асосӣ, сиёсатҳои куллии "интихобот"-ро иблоғ карданд.
Ба гузориши пойгоҳи иттилорасонии дафтари Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ рӯзи шанбе матни сиёсатҳои куллии интихоботро дар 18 банд ба раисони қуваҳои сегона ва раиси Маҷмаи ташхиси маслиҳати низоми Эрон, иблоғ карданд.
Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар ин аблоғия бар мамнуияти вурӯди нерӯҳои мусаллаҳ, қуваҳои сегона аъам аз вазоратхонаҳо ва дастгоҳҳои тобеи онҳо, дастгоҳҳои иттилоотӣ ва амниятӣ, созмонҳо, созмонҳо, ниҳодҳо ва ширкатҳои давлатӣ ва ниҳодҳои умумӣ дар дастабандиҳои сиёсӣ ва ҷиноҳии интихоботӣ ва ҷонибдорӣ аз довталабон таъкид карданд .
Дар ин аблоғия тасреҳ шудааст, иҷрои интихоботи раёсатҷумҳурӣ, Маҷлиси шӯрои исломӣ, Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ ва Шӯроҳои исломии шаҳру рӯсто бар уҳдаи Вазорати дохилӣ аст.