Декабр 30, 2020 17:36 Asia/Dushanbe
  • 149 бемори дигар аз мубталоёни қатъӣ ба корона дар Эрон ҷон бохтаанд
    149 бемори дигар аз мубталоёни қатъӣ ба корона дар Эрон ҷон бохтаанд

Бо фавти 149 бемори дигар аз мубталоёни қатъӣ ба корона дар 24 соати гузашта, шумори ҷонбохтагони қатъии ин беморӣ дар Эрон ба 55 ҳазору 95 нафар расид.

Ба гузориши Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон, дар 24 соати гузашта 6 ҳазору 272 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид -19 дар Эрон шиносоӣ ва 807 нафар бистарӣ шуданд.

Бар ин асос маҷмӯи беморони корона дар Эрон ба як миллиону 218 ҳазору 753 нафар расидааст ва то кунун 978 ҳазору 714 нафар аз беморон беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Бемории Ковид -19 бар асоси омори расмии кишварҳо то кунун беш аз 81 миллион нафарро дар дунё мубтало кардааст ва беш аз як миллиону 770 ҳазор нафар низ бар асари ин беморӣ ҷони худро аз даст додаанд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп