Октябр 15, 2016 18:04 Asia/Dushanbe
  • Посухи Эрон ба баёнияи зидди эронии Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс ва Туркия

Вазорати умури хориҷаи Эрон эълом кард, вазъи асафбор ва ноамни Сурия, Яман, Баҳрайн, Ироқу Либия натиҷаи мудохилаҷӯии кишварҳое аст, ки дар Риёз ҷамъ шуда ва инак чораи сиёсатҳои шикастхӯрдаи худро дар муттаҳам сохтани дигарон ёфтаанд.

Вазорати умури хориҷаи Эрон, рӯзи шанбе дар посух ба баёнияи содира дар нишасти муштараки вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс ва Туркия дар Риёз тасреҳ кард, Ҷумҳурии Исломии Эрон аз пешгомони тарҳи иддеяи Ховари Миёнаи орӣ аз силоҳҳои куштори ҷамъӣ аст ва дар сӯрати садоқат ва рафтори дӯстонаи ин кишварҳо ҳозир ба ҳамкорӣ бо онҳо, барои таҳаққуқи ин иддея аст.

Дар ин баёния омадааст, кишварҳое, ки мудохилаҷӯиҳои ғайримасъулонаи онон дар соири кишварҳо мӯҷиби густариши ноамнӣ, ҷангу тероризм шуда аст, ҳокимияти миллии ҳамсоягони худро нақз кардаанд, дар мақоме нестанд, ки дигаронро ба мудохила накардан дар умури минтақа, насиҳат кунанд.

Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин баёния, зиёдагӯии ағлаби кишварҳои ҷамъ шуда дар Риёз, дар бораи тамомияти арзии худ ва ҳокимияти миллии халалнопазир бар ҷазоири сегонаи Эронро маҳкӯм ва онро мисдоқи мудохилаҷӯӣ дар умури соири кишварҳо медонад.

Вазирони умири хориҷаи кишварҳои узви Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс ва Туркия рӯзи панҷшанбе дар Риёз, баёнияе мунташир карданд, ки бахшҳое аз он зидди Эрон аст.