Декабр 31, 2020 14:56 Asia/Dushanbe
  • Конфронси бозшинохти мироси андеша ва дониши Камоли Хуҷандӣ ба сурати бархат баргузор шуд
    Конфронси бозшинохти мироси андеша ва дониши Камоли Хуҷандӣ ба сурати бархат баргузор шуд

Ба ибтикори сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон ва Муассисаи фарҳангии ЭКО видеоконфронси ҳафтсадумин солгарди таваллуди Камоли Хуҷандӣ ба сурати видеоӣ баргузор шуд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон ва Муассисаи фарҳангии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ(ЭКО) ба муносибати ҷашни ҳафтсадумин солгарди таваллуди Камоли Хуҷандӣ конфронси байналмилалии «бозшинохти мироси андеша ва дониши Камоли Хуҷандӣ»-ро ба сӯрати маҷозӣ баргузор карданд.

Дар ин ҳамоиши маҷозӣ Сарвар Бахтӣ, раиси Муассисаи фарҳангии ЭКО, Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон, Абдуғаффор Ливол, сафири Афғонистон, Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, Муҳаммадризо Пурмуҳаммадӣ, устондори Озарбойҷони шарқии Эрон суханронӣ карданд ва ҳафтсадумин зодрӯзи ғазалсарои бузурги Машриқзаминро ба ҳаводорони шеъру адаб дар Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва дигар кишварҳои узви ЭКО табрик гуфтанд.

Дар ин конфронс ҳамчунин пажуҳишгароне аз Тоҷикистон, Афғонистону Эрон дар мавриди ҷанбаҳои мухталифи зиндагӣ ва осори Камоли Хуҷандӣ суханронӣ карданд.

Соли 2020 ба муносибати ҳафтсадумин солгарди таваллуди Камоли Хуҷандӣ, Муассисаи фарҳангии ЭКО дар ҳамкорӣ бо сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон китобҳои рӯзгор ва осори Камоли Хуҷандӣ ва “чиҳил дарс”-и Камолро ба хати форсӣ ва албоми сурӯдҳои овозхонони тоҷик ва ашъори Камолро мунташир кард.

Илова бар ин, намоишгоҳи маҷозии осори хушнивисӣ ва наққошӣ бо номи “Булбули чаманҳои Хуҷанд” дар маърази диди мухотабон қарор гирифт.

 

БЕШТАР БИХОНЕД: