Паёми инстаграмии сайти раҳбари инқилоб дар солрӯзи шаҳодати сардор Сулаймонӣ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i60388-Паёми_инстаграмии_сайти_раҳбари_инқилоб_дар_солрӯзи_шаҳодати_сардор_Сулаймонӣ
Сафҳаи Инстаграм(Instagram)-ии сайти раҳбари муъаззами Инқилоби Исломӣ ҳамзамон бо нахустин солгарди ба шаҳодат расидани сардор Сулаймонӣ пуст(паёми кутоҳ)-е мунташир кард.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Январ 02, 2021 10:49 Asia/Dushanbe
  • Шаҳодати Сулаймонӣ як ҳодисаи таърихӣ аст
    Шаҳодати Сулаймонӣ як ҳодисаи таърихӣ аст

Сафҳаи Инстаграм(Instagram)-ии сайти раҳбари муъаззами Инқилоби Исломӣ ҳамзамон бо нахустин солгарди ба шаҳодат расидани сардор Сулаймонӣ пуст(паёми кутоҳ)-е мунташир кард.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии Ал Олам, дар пусти Инстаграми сайти раҳбари муъаззами инқилоб ба муносибати нахустин солгарди шаҳодати сардор Сулаймонӣ бо унвони «марди майдон, қаҳрамони Эрон» омадааст: «Шаҳодати Сулаймонӣ як ҳодисаи таърихӣ аст, як ҳодисаи маъмуле нест, ки аз ёди таърих биравад.»

Дар идомаи ин паём омадааст: «Ин (ҳодиса) дар таърих сабт шуд ба унвони як нуқтаи равшан ва шаҳид Сулаймонӣ ҳам қаҳрамони миллати Эрон ва ҳам қаҳрамони уммати исломӣ шуд. Эрониҳо ҳам ба худашон ифтихор кунанд, ки марде аз миёни онҳо аз як рӯстои дурафтода бармехезад, талош мекунад, муҷоҳидат мекунад, худсозӣ мекунад ва табдил мешавад ба чеҳраи дурахшон ва қаҳрамони уммати исломӣ...»

 

БЕШТАР БИХОНЕД: