Январ 02, 2021 17:45 Asia/Dushanbe
  • Беш аз  як миллион нафар аз беморони Ковид-19 дар Эрон беҳбуд ёфтааст
    Беш аз як миллион нафар аз беморони Ковид-19 дар Эрон беҳбуд ёфтааст

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз беҳбудии беш аз як миллион нафар аз беморони Ковид-19 дар ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон Симо Содот Лорӣ рӯзи шанбе бо эъломи охирин омори мубталоён ва ҷонбохтагони корона дар Эрон гуфт: "Дар 24 соати гузашта бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ 6 ҳазору 45 бемори ҷадиди Ковид -19 дар Эрон шиносоӣ шуд ва 693 нафар бистарӣ шуданд."

Охирин омори корона дар Эрон то рӯзи шанбе 2 январи соли 2021 эълом шуд

Лорӣ афзуд: "Бо фавти 101 бемори дигар аз беморони Ковид-19 дар 24 соати гузашта, шумори ҷонбохтагони ин беморӣ дар Эрон ба 55 ҳазору 438 нафар расид."

 

 Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон афзуд: «Маҷмӯи беморони Ковид - 19 дар кишвар ба як миллиону 237 ҳазору 474 нафар расидааст, ки хушбахтона токунун як миллиону 4 ҳазору 326 нафар аз беморон , беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо мураххас шудаанд”.

Бемории Ковид-19 бар асоси омори расмии кишварҳо токунун беш аз 84 миллион нафарро дар дунё мубтало карда ва беш аз як миллиону 836 ҳазор нафар низ бар асари ин беморӣ ҷони худро аз даст додаанд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп