Нишасти кумитаи пайгирии наҷоти Эрон ва Тоҷикистон баргузор шуд
(last modified Sat, 02 Jan 2021 14:30:10 GMT )
Январ 02, 2021 19:30 Asia/Dushanbe
  • Комиссияи муштарак дар чорчӯби пайгирии тафоҳумоти 13-умин иҷлоси комиссияи муштараки Эрон ва Тоҷикистон ташкил шуд
    Комиссияи муштарак дар чорчӯби пайгирии тафоҳумоти 13-умин иҷлоси комиссияи муштараки Эрон ва Тоҷикистон ташкил шуд

Нишасти кумитаи муштараки Эрон ва Тоҷикистон бо ҳадафи пайгирии тафоҳумномаҳои имзошуда дар сездаҳумин иҷлоси комиссияи муштараки ду кишвар, баргузор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз торнамоии созмони тавсеаи тиҷорати Эрон,  мудиркулли дафтари Аврупо ва Амрикои ин созмон Беҳрӯз Улфат гуфт: « Комитети муштарак бо масъуляти Созмони тавсеаи тиҷорати Эрон ва бахши ҳамкориҳои иқтисодии хориҷии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистони рӯзи 9 деймоҳи ҷорӣ -29 декабри 2020- ба сурати маҷозӣ баргузор шуд.»

 

Улфат афзуд: аз тавофуқоти ин комитет метавон ба ташкили  кори гурӯҳи саноат, маъдану тиҷорат, нишасти маҷозии масъулони стандарти ду кишвар , баргузории вебинар дар чорчӯби утоқи муштараки бозаргонӣ, табодули иттилооти ширкатҳои хусӯсӣ ва тавсеаи ҳамкориҳо дар ҳавзаҳои заминшиносӣ ишора кард. 

Мудири кулли дафтари Аврупо ва Амрикои Созмони тавсеаи тиҷорати Эрон ҳамчунин гуфт: «Табодули ҳайатҳои тиҷорӣ ва баргузории намоишгоҳҳои ихтисосӣ миёни ду кишвар бо дар назар гирифтани протоколҳои беҳдоштӣ аз дигар мавзӯҳое буд, ки дар дастури кор қарор гирифт.»

Ба гуфтаи оқои Улфат, комитети саноат , маъдану тиҷорати Эрону Тоҷикистон дар ояндаи наздик бо масъуляти созмони тавсеаи тиҷорати Эрон баргузор хоҳад шуд.

 

Бештар бихонед: