Январ 02, 2021 20:00 Asia/Dushanbe
  • сафири Эрон дар Душанбе дар маросими нахустин солгарди шаҳодати Қосим Сулаймонӣ суханронӣ кард
    сафири Эрон дар Душанбе дар маросими нахустин солгарди шаҳодати Қосим Сулаймонӣ суханронӣ кард

Маросими бузургдошти аввалин солрӯзи шаҳодати сардор Сулаймонӣ ва ҳамразмонаш дар сафорати ҷумҳурии Исломии эрон дар Душанбе баргузор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, маросими бузургдошти аввалин солрӯзи шаҳодати сипаҳбуд шаҳид Ҳоҷ Қосим Сулаймонӣ ва ҳамразмони шаҳидаш бо ҳузури сафир, аъзои сафорат ва ниҳодҳои Эронӣ ва ҷамъе аз эрониёни муқим асри шанбеи 2 январи 2021 дар салони Саъдии сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Дар ин маросими маънавӣ, ки бо риояти протоколҳо ва маҳдудиятҳои беҳдоштӣ барпо шуд, пас аз тиловати оёте чанд аз Каломуллоҳи Маҷид, навохтани суруди миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва қироати ашъоре дар васфи муҷоҳидатҳои сардор рашиди ислом ва Эрон, Муҳаммадтақии Собирӣ сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе ба суханронӣ пардохт.

Сафири Эрон дар Тоҷикистон хотирнишон кард: «Агар ҷонфишонӣ ва ришодатҳои он шаҳиди бузургвор дар мубориза бо тероризму ифротгароӣ набуд, акнун шоҳиди густариши ин падидаи шум ва хатарнок дар саросари минтақа ва бахшҳои мухталифи ҷаҳони будем.»

Собирӣ бо баршумурдани бархе аз сифоту вижагиҳои сипаҳбуди шаҳид Ҳоҷ Қосим Сулаймонӣ, аз ҷумла нубуғи низомӣ, рӯҳияи шаҳодатталабӣ, ихлос, иродат ба аҳли байт ( а), фаромарзӣ будан ва хушхуӣ гуфт: «Рози мондагории ному ёди сардор Сулаймонӣ илова бар ришодатҳо ва диловариҳои эшон, ҳамин сифоти ахлоқии барҷаста ва низ муомила бо худо будааст.»

Сафири Эрон дар Тоҷикистон низ таъкид кард, ки ҳарчанд набудани ин раҳбари аршади Ислом ва Эрон талафоти ҷуброннопазир аст, аммо роҳи ӯ идома хоҳад ёфт.

 

Бештар бихонед:

Барчасп