Январ 08, 2021 19:31 Asia/Dushanbe
  • Ҳомиди Лак, дарвозабони тими Персполис ба унвони беҳтарин дарвозабони Лигаи қаҳрамонони Осиё интихоб шуд
    Ҳомиди Лак, дарвозабони тими Персполис ба унвони беҳтарин дарвозабони Лигаи қаҳрамонони Осиё интихоб шуд

Дарвозабони тими футболи Персполиси Эрон ба унвони беҳтарин дарвозабони Лигаи қаҳрамонони Осиё дар соли 2020 интихоб шуд.

Сайти Конфедератсияи Футболи Осиё тайи як назарсанҷӣ аз корбарони худ хост то ба беҳтарин дарвозабони Лигаи қаҳрамонони Осиё дар соли 2020 раъй бидиҳанд.

Дар поёни ин назарсанҷӣ Ҳомиди Лак, дарвозабони тими Персполис ба унвони беҳтарин дарвозабони Лигаи қаҳрамонони Осиё аз диди мухотабони сайти AFC баргузида шуд.

Лак 86 дарсад аз орои ин назарсанҷиро аз они худ кард.

Ҷо Сей Ҳук, аз Улсан Ҳундай бо касби 7. 26 дарсад ва Бред Ҷонс аз Аннаср бо 4. 39 дарсад низ дар раддаҳои дувуму сеюми ин назарсанҷӣ қарор гирифтанд.

 

Барчасп