Январ 09, 2021 16:59 Asia/Dushanbe

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: “миллати Эрон василаи озмоиши ваксинаҳои хориҷии корона наме‌шавад”.

Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи шанбе дар 51-умин нишасти Ситоди миллии муқобила бо корона дар Теҳрон афзуд, ширкатҳои хориҷӣ мехостанд ваксинаҳоеро ба мо бидиҳанд то рӯи миллати Эрон озмоиш шавад, аммо вазорати беҳдошт монеъ шуд.

Рӯҳонӣ бо баёни инки таҳия ва хариди ваксина аз авлавиятҳои давлат аст, таъкид кард, тазриқи ваксинаи ҳам набояд ба маънеи он бошад, ки дастуруламалҳои беҳдоштӣ риоят нашавад.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, агар асари ваксинаи корона саддар сад бошад, ки дар ҳеч ваксинае ин гуна нест, чанд ҳафта замон мебарад, ки осори он намоён шавад.

Рӯҳонӣ изофа кард, тақрибан ҳамаи дунё тавсия мекунанд, ки ҳатто агар ваксинаи кофӣ дар ихтиёри ҳамаи мардум қарор бигирад, ҳаддиақали 5 то 6 моҳи дигар бояд дастуруламалҳои беҳдоштӣ риоят шавад, бинобар ин мардуми Эрон низ бояд ҳамчунон риояти дастуруламалҳои беҳдоштиро дар дастури кори худ қарор диҳанд.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муъаззами Инқилоби Исломӣ низ рӯзи гузашта дар суханоне вурӯди ваксинаи амрикоӣ ва англисӣ ба Эронро мамнӯъ эълом карданд ва гуфтанд, амрикоиҳо агар тавониста буданд ваксина тавлид кунанд, ин ифтизоҳи коронаӣ дар кишварашон ба вуҷӯд намеомад, ки дар як рӯз ҳудӯди 4 ҳазор нафар талафот дошта бошанд, зимни инки асосан ба онҳо эътимоде нест ва гоҳе ин ваксинаҳо барои озмоиш рӯи миллат‌ҳост.

 

 БЕШТАР БИХОНЕД:

 

Барчасп