Филми эронии "Хуршед" дар миёни 10 шанси аввали Оскар
Филми "Хуршед" сохтаи Маҷиди Маҷидӣ, филмсози эронӣ дар миёни 10 шанси аввали дарёфти Ҷоизаи байналмилалии Оскар қарор гирифт.
Ба гузориши хабаргузории Меҳр, нашрияи “VARIETY” бо интишори феҳристе аз филмҳое, ки барои дарёфти ҷоизаи Оскари байналмилалии 2021 шанси бештаре доранд, барои филми"Хуршед", сохтаи Маҷиди Маҷидӣ, филмсози эронӣ ҷойгоҳи ҳаштумро дар назар гирифт.
Филми “Хуршед”-и Маҷиди Маҷидӣ пеш аз ин низ дар соли 2020 ба унвони намояндаи синамои Эрон дар бахши мусобиқаи аслии “Шери тиллоӣ” дар 77-умин давраи ҷашнвораи байналмилалии филми Венетсия интихоб ва барандаи ҷоизаи “Фонуси ҷодуӣ”-ии ин ҷашнвора шуд.
Маҷиди Маҷидӣ аввалин коргардони эронӣ аст, ки пеш аз ин ҳам номзади дарёфти Ҷоизаи Оскар шудааст.
Ҷоизаҳои Академияи Оскар ҳар сол ба беҳтарин осори санъати синамои ҷаҳон эҳдо мешавад.
Филми "Бачаҳои осмон", асари дигари Маҷидӣ низ дар соли 1998 ҷузви панҷ номзади ниҳоии дарёфти беҳтарини филми хориҷизабони Оскар буд.
БЕШТАР БИХОНЕД: