Лаҳзаи зебои шиллики мушаки “Сайёд” аз сомонаи қудратманди “Талош”
(last modified Tue, 12 Jan 2021 10:32:40 GMT )
Январ 12, 2021 15:32 Asia/Dushanbe

Эрон ҷузви қудратмандтарин кишварҳои дорои санъати системаи мушакӣ аст.

Ба гузориши гурӯҳи филму савти Бошгоҳи хабарнигорони ҷавон, сомонаи “Талош” қодир аст раҳгирӣ ва даргирӣ бо аҳдофро ба таври ҳамзамон анҷом диҳад ва бо аҳдофи мухталиф дар иртифои миёна ва боло муқобила кунад, ки ин қобилият аз қобилиятҳои фаннӣ ва печидаи ин сомонаи мушакӣ аст.

Мушаки “Сайёд” бар асоси фанновариҳои рӯзи дунё тарроҳӣ шудаву қодир аст анвои болгард, ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин ва аҳдоф бо сатҳи мақтаи радарии хурд ва дорои суръату манёври болоро дар маҳдудаи амалиётии худ нобуд кунад. Мушаки “Сайёд” дорои мотори сӯхти ҷомид будаву бо системаи ҳидояти таркибӣ ва қобилиятҳои амалиётии боло дар сомонаи мушакии “Талош” ба кор гирифта мешавад.

Ҳар воҳид аз сомонаи мушакии “Талош” –и бумӣ аз 3 мошини ҳомили лоунчер (пусковое устройство)-и мушакҳо ва 2 мошини контрол (фармондеҳӣ) ва сомонаи радарӣ ташкил мешавад, ки бинобар ниёз лоунчерҳо низ ду фарвандӣ ё 4 фарванд хоҳанд буд. Мушакҳои “Сайёд” низ аз ин лоунчерҳои ба истилоҳ ҷаъбаӣ ё ҳамон патриотӣ ба сӯи ҳадаф шиллик мешаванд.

Сомонаи мушакии “Талош” ҳосили талошҳои мутахассисони эронӣ дар ҷиҳоди худкифоии Нерӯи падофанди ҳавоии артиш ва Вазорати дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳ буд.