Беҳбудии ҳудуди 1 миллиону 102 ҳазор нафар аз беморони корона дар Эрон
(last modified Thu, 14 Jan 2021 12:33:12 GMT )
Январ 14, 2021 17:33 Asia/Dushanbe
  • Беҳбудии ҳудуди 1 миллиону 102 ҳазор нафар аз беморони корона дар Эрон

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз беҳбудии ҳудуди як миллиону 102 ҳазор нафар аз мубталоён ба вируси корона дар ин кишвар хабар дод.

 Симо Содоти Лорӣ -сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон рӯзи панҷшанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси корона дар кишвар гуфт : Бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ дар 24 соъати гузашта , 6 ҳазору 471 бемори нави мубтало ба Ковид-19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки аз ин теъдод 533 нафар бистарӣ шуданд ва ба бақияи беморон низ ба сурати сарипоӣ хадамот ироа шуд.

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон афзуд:Маҷмӯи беморони Ковид- 19 дар кишвар ба як миллиону 311 ҳазору 810 нафар расидааст.

 Лорӣ ҳамчунин бо баёни инки муттаассифона дар 24 соъати гузашта , 81 нафар аз беморони Ковид 19 ҷони худро аз даст доданд , изҳор кард , маҷмӯи ҷонбохтагон бар асари ин беморӣ дар Эрон ба 56 ҳазору 538 нафар расида аст.

 Сухангуи вазорати беҳдошти Эрон дар идома хотирнишон кард : То кунун як миллиону 101 ҳазору 599 нафар аз беморон низ беҳбуд ёфтау аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба ҳудуди 93 миллион нафар расида аст, ки аз ин теъдод дастикам як миллиону 989 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданду беш аз 66 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.

 Амрико бо ҳудуди 24 миллион мубтало ба вируси корона ва камаш 393 ҳазор қурбонӣ , ҳамчунон бештарин теъдоди мубталоёну ҷонбохтагон дар ҷаҳонро ба худ ихтисос дода аст.

 

Бештар бихонед: