Январ 16, 2021 09:57 Asia/Dushanbe
  • Гузорише аз мизони хисорат ва талафоти эҳтимолӣ эълом нашудааст
    Гузорише аз мизони хисорат ва талафоти эҳтимолӣ эълом нашудааст

Зилзилае ба бузургии 5.5 рихтер бомдоди имрӯз (шанбе) устони Ҳурмузгон дар ҷануби Эронро ларзонд.

Бар асоси эъломи Маркази ларзанигории Эрон, маҳали вуқуъи зилзила шаҳри Кунг дар устони Ҳурмузгон будааст.

Замони вуқуъи ин зилзила ба вақти маҳаллӣ соати 1:01 дақиқаву 3 сония ва умқи заминларза 19 километр гузориш шудааст.

Токунун гузорише аз мизони хисорату талафоти эҳтимолӣ эълом нашудааст.

Устони Ҳурмузгони ҷанубитарин минтақаи Эрон ва аз устонҳои соҳилии Халиҷи Форс аст.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

Барчасп