Октябр 16, 2016 18:54 Asia/Dushanbe
  • Пирӯзии духтарони футболисти Эрон муқобили Тоҷикистон

Тими миллии футболи зери 19 соли бонувони Эрон дар дуввумин дидори худ дар ҷоми Конфедератсияи Футболи Осиё (АFC) барои ҷавонони зери 19 сол дар Ӯзбакистон тавонист баробари Тоҷикистон пирӯз аз майдон хориҷ шавад.

Ба гузориши Федератсиюни футбол, дуввумин дидори тими миллии бонувони Эрон, ки имрӯз аз соати 11:00 ба вақти маҳаллӣ оғоз шуда буд, дар ҳоле ба поён расид, ки миллипӯшон тавонистанд Тоҷикистонро бо натиҷаи шаш бар сифр шикаст диҳанд.

Нимаи аввали ин дидор бо 5 голи Афсонаи Чатрнур (дақиқаи 9; 27), Илҳом Анофча (дақиқаи 15) ва Фотимаи Қосимӣ (дақиқаи 23; 24) ба поён расид. Голи шашуми ин дидорро Ғизола Солеҳипур (дақиқаи 77 ) дар нимаи дуввум ба самар расонд.

Охирин дидори тими миллии бонувони ҷавони Эрон дар ҷоми АFC  муқобили Ӯзбакистони мизбон хоҳад буд ва ин дидор фардо- 26-уми меҳри соли 1395, соати 15:00 ба вақти маҳаллӣ баргузор мешавад.

 

Барчасп