Бозгашти пайкари поки 55 шаҳиди бозмонда аз дифои муқаддас ба Эрон
Ҳамзамон бо солрӯзи шаҳодати бузургбонуи ислом, ҳазрати Фотимаи Заҳро(с ) пайкари поку мутаҳҳари 55 шаҳиди тоза кашфшуда аз марзи байналмиллалии Шаламча вориди хоки Эрони исломӣ шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс , сардори посдор ,Муҳаммади Боқирзода -фармондеҳи кумитаи ҷустуҷӯи нопадидшудагони Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон рӯзи якшанбе дар маросими истиқбол аз шуҳадои гумном дар марзи Шаламча, дар ҷанубу ғарби Эрон гуфт : Пайкарҳои тоза кашфшуда марбут ба шаҳидоне аст, ки дар чаҳор амалиёти ҷангӣ дар солҳои 1986 ва 1988 ба шаҳодат расидаанд.
Бино бар ин гузориш пайкари поки ин шуҳадо барои шиносоӣ ба Теҳрон мунтақил мешаванд.
Артиши мутаҷовизи режими Саддом , диктатори пешини Ироқ , 22 сентябри 1980 бо ҳадафи барандозии низоми навпои Ҷумҳурии исломии Эрон ва бо кумаки ҳамаҷонибаи истикбори ҷаҳонӣ , ҷанги тамомайёрро ба Эрони исломӣ таҳмил кард, ки ин ҷанг ҳашт сол тӯл кашид.
Бештар бихонед:
- Нигоҳе ба Намоишгоҳи доимии шикори каркасҳо дар Боғи мӯзеи дифои муқаддас
- Аксҳое аз рӯзгори дифои муқаддас дар Эрон