Декабр 16, 2023 21:30 Asia/Dushanbe
  • Таслияти солрӯзи шаҳодати ҳазрати Фотимаи Заҳро (с.а)

17 декабри 2023 сеюми ҷамоди-ул -аввали 1445 ҳиҷрии қамарӣ, солрӯзи шаҳодати ҳазрати Фотимаи Заҳро (с.а), духтари гиромии Паёмбари Акрам ҳазрати Муҳаммад (с) ва ҳамсари ҳазрати Алӣ (а) аст.

Мардуми мусулмони Эрони исломӣ ҳарсола дар шаби шаҳодати бонӯи фазилат, улгӯи ифофу исмат, ҳазрати Фотимаи Заҳро(с.а) бо ҳузур дар масоҷид, ҳусайняҳо, амокини мазҳабӣ ба сӯгворӣ менишинанд.

Ҳазрати Фотимаи Заҳро (с.а) дар бистуми ҷамоди-ул -аввали соли панҷуми беъсат дар Маккаи Мукаррама ба дунё омаданд.

Он ҳазрат аз кӯдакӣ таҳти роҳнамоиҳои падарашон Паёмбари Акрам (с) бо маорифи олии илоҳӣ ошно шуданд.

Ҳазрати Фотимаи Заҳро (с.а) пас аз 18 сол зиндагӣ бар асари зулмҳои фаровони ҳокимони вақту ранҷу ғами вафоти падараш ҳазрати Муҳаммад (с) ба ривояте дар 13 ҷамоди-ул -аввали ва ё сеюми ҷамоди- ул сонии соли 11 ҳиҷрии қамарӣ ба шаҳодат расиданд.

Садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон фарорасидани солрӯзи шаҳодати ҳазрати Фотимаи Заҳро (с.а)-ро ба ҳамаи мусулмонону озодихоҳони ҷаҳон таслият мегӯяд.

 

Барчасп