Январ 19, 2021 17:56 Asia/Dushanbe
  • Ҳоли 14 нафаре, ки ваксинаи эронии коронаро дарёфт кардаанд хуб аст
    Ҳоли 14 нафаре, ки ваксинаи эронии коронаро дарёфт кардаанд хуб аст

Бо тавлиди 12 то 14 миллион доз ваксинаи эронии корона дар се моҳи оянда, тавлиди ин ваксин дар Эрон ба тавлиди анбӯҳ мерасад.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, Муҳаммади Мухбирӣ, раиси Ситоди иҷроии фармони ҳазрати Имом(раҳ.), ки пуштибонӣ аз тавлиди ваксинаи эронии коронаро бар ӯҳда гирифтааст, гуфт, то се моҳи оянда 12 то 14 миллион доз ваксинаи эронии корона бо номи "Ков Эрон Баракат" тавлид хоҳад шуд.

Мухбирӣ бо баёни инки имрӯз сеюмин марҳала аз ваксинаи эронии корона тазриқ мешавад, афзуд, 56 довталаби дигар ин ваксинаи коронаро тазриқ хоҳанд кард.

Вай таъкид кард, ки ҳоли 14 нафаре, ки ваксинаи эронии коронаро дарёфт кардаанд хуб аст ва ҳеч аворизе надоштаанд.

Марҳлаи яки тазриқи инсонии нахустин ваксинаи коронаи сохти муҳаққиқони эронӣ бо номи "Ков Эрон баракат", 29 декабри 2020 рӯи довталабон оғоз шуд.

Ду муассисаи ваксинасозии “Розӣ” ва “Пастор” дар Эрон дар тавлиди ваксина беш аз 70 сол собиқа доранд ва дар даҳаҳои гузашта эрониён барои эминии худ алайҳи бемориҳои мухталиф аз ваксинҳои эронӣ истифода кардаанд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

 

Барчасп