Январ 20, 2021 00:32 Asia/Dushanbe
  • Ҷиноёти террористӣ ва нақзи усӯли бунёдини ҳуқуқи байналмилалӣ алайҳи Эрон аз далоили таҳрими мақомотт амрикоӣ аст
    Ҷиноёти террористӣ ва нақзи усӯли бунёдини ҳуқуқи байналмилалӣ алайҳи Эрон аз далоили таҳрими мақомотт амрикоӣ аст

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон аз таҳрими мақомоти аршади давлати Амрико ба воситаи нақш ва дахолат дар иқдомоти террористӣ ва зидди ҳуқуқи башарӣ алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва атбои эронӣ хабар дод.

Ба гузориши  ИРНА, Саъиди Хатиб‌зода, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрони афзуд, вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар иҷрои қонӯни мусавваби Маҷлиси Шӯроии Исломии Эрон теъдоде аз ашхоси амрикоиро ба далели иртикоби ҷиноёти террористӣ ва нақзи қавоиди асосӣ ва усӯли бунёдини ҳуқуқи байналмилал, аз ҷумла ҳуқуқи башар дар феҳристи таҳримҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор дод.

Хатибзода изофа кард, мақомоти аршади амрикоӣ шомили Доналд Трам, Майк Помпео, Марк Эспер, вазири дифои собиқ, сарпарасти вазорати дифо, вазири хазонадорӣ, раиси созмони СИА, мушовири собиқи амнияти миллӣ, раиси собиқи гурӯҳи иқдом алайҳи Эрон, намояндаи вижаи вазорати умӯри хориҷаи Амрико дар умӯри Эрон ва масъӯли идораи кантроли дороиҳои хориҷии Амрико, афроде ҳастанд, ки аз имрӯз дар феҳристи таҳримҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор ме‌гиранд.

  

 

Хатибзода таъкид кард, ин ашхос ба далоиле ҳамчун судӯри дастур ва роҳбарии амалиёти террори сардори шаҳид Ҳоҷӣ Қосими Сулаймонӣ ва ҳамроҳони эшон, созмондеҳи ва ҳимоят аз иқдомоти террористӣ алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон, иқдом ба эҷод, таъмини молӣ, ироаи таслеҳот ва омӯзиш ба гурӯҳҳои террористӣ ва ҳимояти ҳамаҷониба аз саркӯбгариҳои режими саҳюнистӣ алайҳи миллати Фаластин таҳрим шудаанд.

Ба гуфтаи Хатибзода иқдомоти террористии ин режим дар террори донишманди шаҳид Муҳсини Фахризода, таҳримҳои золимона, ғайри қонӯнӣ ва якҷониба алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва миллати Эрон ва ҷилавгирӣ аз дастрасии онон ба ғизо, дор, хадамоту таҷҳизоти пизишкӣ, пуштибони аз режимҳои саркӯбгари минтақа ва ҳимоят аз ҷиноёт алайҳи башария, иртиботи фаъолона ва ҳамаҷониба бо гурӯҳаки террористии мунофиқин ва ҳимояти сиёсӣ, таблиғотӣ ва фарҳангӣ аз ин гурӯҳак аз дигар далоили таҳрими ин мақомоти амрикоӣ аст.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

Барчасп