Январ 24, 2021 18:06 Asia/Dushanbe
  • Оғози ваксинасияи корона дар Эрон; ба зудӣ

Вазири беҳдошт,дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон гуфт: Ваксинасияи корона дар Эрон ба зудӣ оғоз мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Саиди Намакӣ-вазири беҳдошт,дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи якшанбе бо ишора ба талош барои сохти ваксинаи коронаии Эрон афзуд : Воридоти ваксинаи корона ба кишвар ба зудӣ оғоз мешавад.

 Намакӣ афзуд:Бо воридоти ваксинаи корона, ваксинасия барои гурӯҳҳои ҳассосу пурхатар оғоз мешавад.

 Ҳамчунин Ҳуҷҷатуллоҳи Некии Маликӣ- раиси маркази итилоърасонии ситоди иҷроии фармони ҳазрати Имом(р) гуфт:Пас аз баррасии саломати 21 довталабе, ки ваксинаи корони тавлидшуда дар Эрон ба онҳо тазриқ шуда аст , муҷаввизи тазриқ барои 14 довталаби дигар содир шуд.

 Марҳилаи аввали тазриқи инсонии мутолиъоти болинии нахустин ваксинаи коронаи сохти муҳаққиқони эронӣ бо номи  « Кув Эрон баракат » 29 декабри 2020 рӯй довталабон оғоз шуд.

 

Бештар бихонед :

 

Барчасп