Январ 26, 2021 14:46 Asia/Dushanbe
  • Ройзаниҳои Зариф ва мақомоти рус дар бораи тавсеаи ҳамкориҳо
    Ройзаниҳои Зариф ва мақомоти рус дар бораи тавсеаи ҳамкориҳо

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар дувумин марҳала аз сафари минтақаии худ, имрӯз сешанбе, 26 январ дар Маскав бо мақомҳои ин кишвар дидору музокира мекунад.

Вазорати умури хориҷаи Русия ба муносибати ин дидор бо интишори баёнияе изҳор дошт: Тасмим дорем равобити судманди мутақобил бо Эронро ҳамчунон густариш диҳем ва ба ҳамкорӣ бо ин кишвар ба нафъи суботи минтақаӣ ва амнияти байналмилалӣ идома диҳем ва умедворем гароишҳои мусбат дар тамоми арсаҳои равобити Эрону Русия тақвият шавад.

Нигоҳе ба муносиботи ду кишвар дар як даҳаи ахир нишон медиҳад, ҳамкориҳои Эрон ва Русия амиқтар шудаву ин равобитро ба самти роҳбурдӣ шудан майл додааст. Эрон ва Русия дар таомулоти дуҷониба нишон додаанд, ки аз ибтикори амал бархурдоранд ва ба хусус дар мавзӯи амният ва муқобила бо якҷонибагароии Амрико, қасди ақибнишинӣ дар муқобили султаи Амрикоро надоранд.

Эрон ва Русия илова бар БарҶом дар бораи таҳаввулоти Сурия низ нишастҳои муҳиме дар Теҳрону Маскав дар чорчӯби музокироти раванди музокироти Остона доштаанд. Дар ин сафар низ мавзӯоти калидӣ, аз ҷумла вазъияти минтақаи Қарабоғ, БарҶом, ҳаллу фасли масъалаи Сурия, Афғонистон ва авзои минтақаи халиҷи Форс ва дигар масоил баррасӣ мешавад.

Бо тавваҷуҳ ба маҷмӯаи ин муаллафаҳо, сафари Зариф ба Маскав ба ду далел дорои аҳамият аст:

Далели аввал: коркардҳову таъсиргузор будани ин сатҳ аз равобит бар тақвияти чандҷонибагароӣ дар нуқтаи муқобили якҷонибагароӣ ва мудохилоти Амрико дар минтақа аст.

Далели дувум: аҳамияти сафари Зариф ба Русия таҳаввулоте аст, ки дар фазои геополитикии АвруОсиё ва манотиқи перомунии он рӯй додааст.

Дар ин замина метавон ба баёнияи муштараки Эрон ва Русия дар поёни дидори чанде қабли Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон аз Русия ишора кард, ки дар он гуфта шудааст: Теҳрон ва Маскав мусаммам ҳастанд фаъолона рӯйкардҳои ҷамъӣ ва чандҷонибаи одилона, мубтанӣ бар усулу қавоиди кулии шинохташудаи ҳуқуқи байналмилалро барои ҳалли масоили фаврӣ ва зарурии минтақаӣ ва ҷаҳонӣ иртиқо диҳанд.

Федератсияи Русия ва Эрон ду кишвари мустақил ва қудратманд ва таъсиргузор бар таҳаввулоти минтақа ҳастанд ва аз ин ҷиҳат густариши ҳамкориҳову ройзании идомадори ду тараф метавонад тазминкунандаи манофеи дуҷонибаву чандҷониба бошад. Ин сатҳ аз равобит дар воқеъ нишонаи эътимоди дутарафа миёни Эрону Русия дар таомулоти минтақаӣ аст.

Аз ҷанбаи иқтисодӣ низ ҳамкориҳои ду кишвар дар ҳавзаи Хазар, ҳамлу нақли энержӣ ва ҳамкорӣ дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар сатҳи роҳбурдӣ аст.

Козими Ҷалолӣ, сафири Эрон дар Русия дар бораи зарфиятҳои ҳамкории ду кишвар мегуяд: Сатҳи муносиботу ҳавзаи ҳамкориҳои феълии Эрону Русия бисёр фаротар аз даҳаҳои гузашта аст, зимни ин ки ҳамкориҳои тарафайн амиқтару маънодортар шудаву зарфиятҳои зиёде дар равобити ду кишвар вуҷуд дорад, ки бояд дар қолаби барномаи ҷомеи ҳамкориҳо ба онҳо пардохта шавад.

Он чӣ дар шароити кунунӣ аҳамияти гуфтугӯҳои вазири хориҷаи Эрон дар сафар ба Русияро барҷастатар карда, нигоҳи баландмуддати мақомҳои ду кишвар ба тақвияти равобити ду ва чандҷониба аст. Чунонки дар бахше аз баёнияи Вазорати хориҷаи Русия гуфта шудааст, идомаи раванди тавсеаи ҳамкориҳои судманди мутақобил в ҳамафзоии зарфиятҳои қобили тавваҷуҳи Русия ва Эрон метавонад на фақат ба шакли мусоиде бар вазъи ду кишвар таъсир гузорад, балки авзои минтақаи Қафқози Ҷанқбӣ ва ғарби Осиёро беҳбуд бахшад ва шароити беҳтареро барои таъмини суботу амният дар минтақа ба вуҷуд биоварад. Сафари Зариф ба Русия дар шароити кунуниро низ мебоист дар ҳамин чорчӯб арзёбӣ кард.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп