Январ 26, 2021 18:11 Asia/Dushanbe
  • Охирин омори корона дар Эрон то рӯзи сешанбе 26 январи 2021 эълом шуд
    Охирин омори корона дар Эрон то рӯзи сешанбе 26 январи 2021 эълом шуд

Сухангӯи вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз беҳбудии беш аз як миллиону 177 ҳазор нафар аз дар кишвар хабар дод.

Симо Содот Лорӣ, сухангӯи вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи сешанбе бо эъломи охирин омор мубталоён ва ҷон бохтагони корона дар Эрон ба хабарнигорон гуфт: «дар 24 соати гузашта бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ 6 ҳазору 420 бемори ҷадиди Ковид 19 дар Эрон шиносоӣ ва 590 нафар бистарӣ шуданд.»

Сухангӯи вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон ҳамчунин гуфт: «бо фавти 79 нафар аз беморони мубтало ба Ковид 19 дар 24 соати гузашта теъдоди ҷон бохтагони ин беморӣ дар Эрон ба 57 ҳазору 560 нафар расид.»

Хонум Лорӣ афзуд: «маҷмӯи беморони Ковид 19 дар Эрон ба як миллиону 385 ҳазору 706 нафар расидааст, ки хушбахтона токунӯн як миллиону 177 ҳазору 367 нафар аз онон беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.»

Теъдоди беморони Ковид 19 дар ҷаҳон низ ба беш аз сад миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод беш аз ду миллион нафар ҷони худро аз даст доданд ва ҳудӯди 72 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтанд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

Барчасп