Интизори раиси Утоқи бозаргонии Эрону Тоҷикистон аз бозаргонони ду кишвар
Раиси Утоқи бозаргонии муштараки Эрону Тоҷикистон ибрози умедворӣ кард, ин утоқ дар нахустин намоишгоҳи маҷозии Эрон бештарин мушорикат ва боздидкунандаро дошта бошад.
Ба гузориши сомонаи хабарии Утоқи бозаргонии Эрон, Муҳаммадҳусайни Рӯшанак, раиси Утоқи бозаргонии муштараки Эрону Тоҷикистон гуфт, фаъолони иқтисодӣ бояд бипазиранд, ки дар асри ҷадиде ба сар мебаранд ва ҳатто агар корона ҳам набуд, бояд аз шеваҳои иртиботӣ ва тиҷории ҷадид ва барӯз истифода кунанд.
Рӯшанак бо ишора ба баргузории нахустин намоишгоҳи маҷозии Эрон аз 23 феврал то 10 марти 2021 гуфт: «лозим аст то бозаргонони ду кишвари Эрону Тоҷикистон ва ҳатто шаҳрвандони ин ду кишвар дар фазои он-лайн ҳамчун нахустин намоишгоҳи маҷозии Эрон, аз зарфиятҳо ва қобилиятҳои иртиботӣ ва тиҷории якдигар огоҳ шаванд.»
Раиси Утоқи бозаргонии муштараки Эрону Тоҷикистони таъкид кард: «Утоқи муштараки Эрону Тоҷикистон талоши худро барои даъват аз тоҷирон ва бозаргони ду тараф барои ҳузур дар намоишгоҳҳои маҷозӣ ба кори хоҳад гирифт то болотарин мизони мушорикат ва мухотабонро дар намоишгоҳи маҷозӣ касб кунад.»
БЕШТАР БИХОНЕД:
- Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон: ҳаҷми табодулоти Эрону Тоҷикистон бояд ба як миллиард доллар бирасад
- Истиқболи афғонҳо аз намоишгоҳи фаннӣ, муҳандисӣ ва хадамотии Эрон дар Кобул
- Қарордоди такмили нақби Истиқлол байни Эрону Тоҷикистон имзо шуд