Январ 26, 2021 21:35 Asia/Dushanbe
  • Муҳамадҷаводи Зариф 32-умин бор аз замони пазириши масъуляти вазорати хориҷаи Эрон ба Русия рафт
    Муҳамадҷаводи Зариф 32-умин бор аз замони пазириши масъуляти вазорати хориҷаи Эрон ба Русия рафт

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар нишасти матбуотӣ бо ҳамтои руси худ, барои таъкид бар дерина будани равобити Эрону Русия ба муқоисаи ҷолибе пардохт.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки дар Маскав басар мебарад, дар нишасти матбуотии муштарак бо Сергей Лавров, ҳамтои руси худ гуфт: «равобити Эрону Русия дустона аст ва умри ин равобит аз таърихи Амрико бештар аст.»

Зариф ҳамчунин бо баёни ин ки Эрон бархилофи Вашингтон ба тавофуқи ҳастаӣ пойбанд буда, аммо давлати Вашингтон ҳатто дар давраи давлати Обама ба тааҳҳудоташ пойбанд набудааст, гуфт: « давлати ҷадиди Амрико токунун фақат ҳарф зада ва амал накардааст ва тибқи баёноти раҳбари муъаззами инқилоб дар сурати лағви таҳримҳо, метавон ба БарҶом бозгашт.»

Зариф ҳамчунин аз сабти ваксинаи русии “Спутник V” дар Эрон хабар дод ва гуфт: «умедворем дар оянда битавонем ин ваксинаро ҳам харидорӣ кунем ва ҳам онро бо Русия ба таври муштарак тавлид кунем.»

Вазири умури хориҷаи Эрон бо ишора ба сафари ҳайате аз Толибон ба Эрон низ бар зарурати афзоиши ҳамкориҳо барои ҳалли масоили Афғонистон таъкид кард.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

Барчасп