Зариф: Арманистон ҳамсоя ва дӯсти Эрон аст
Вазири умури хориҷаи Эрон, ки дар сафари минтақавии худ ба Ереван рафтааст, Арманистонро ҳамсоя ва дӯсти қадимии Эрон хонд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории садо ва симои Эрон, Муҳаммадҷаводи Зариф дар ҳангоми вуруд ба Ереван ҳамчунин гуфт: «Замина барои тавсеаи ҳамкории минтақавӣ ба вижа дар ҳавзаи иқтисодӣ фароҳам аст ва ин ҳамкориҳо метавонад сулҳу субот дар минтақа барқарор кунад.»
Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар Ереван бо Ара Айвазян ҳамтои арманистонии худ дидор кард.
Зариф дар рӯзҳои ахир дар сафари минтақавии худ, ба Боку ва Маскав сафар карда ва пас аз ройзаниҳои худ дар Ереван, имрӯз Арманистонро ба самти Тифлис пойтахти Гурҷистон тарк хоҳад кард.
Вазири умури хориҷаи Эрон дар идома барои дидор бо мақомоти Туркия ва ройзаниҳои дуҷониба ба Анкара сафар хоҳад кард.