Октябр 17, 2016 15:44 Asia/Dushanbe
  • Сафари намояндагони гумруки Тоҷикистон ба Эрон барои ширкат дар иҷлоси гумрукоти ЭКО

Намояндагони Тоҷикистон барои ширкат дар ҳафтумин Иҷлоси раисони гумрукоти кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодии ЭКО вориди Теҳрон шуданд.

Ба иттилои хабаргузории Садо ва Симо, ҳафтумин Иҷлоси раисони гумрукоти кишварҳои узви ЭКО чаҳоршанбе 19-и октябр дар Теҳрон баргузор хоҳад шуд .

Илова бар ҳайъати тоҷикистонӣ, 9 ҳайъати олирутбаи дигар шомили намояндагони Созмони ҷаҳонии гумрук, Созмони байналмилалии ҳамлу нақли ҷодаӣ (Эеро), Туркия, Покистон, Афғонистон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва ҷумҳурии Озарбойҷон низ барои ширкат дар ин иҷлос вориди Теҳрон шудаанд .

Густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи гумрукӣ бо ҷумҳурии исломии Эрон аз аҳдофи нишасти Теҳрон эълом шудааст .

Семинари омӯзишӣ бо ҳузури Серхио Мухика, муовини Созмони ҷаҳонии гумрук ва дидор ва гуфтугӯҳои ду ва чандҷониба аз барномаҳои ин иҷлос аст .