Январ 28, 2021 20:16 Asia/Dushanbe
  • Таъкид бар тақвияти ҳамкориҳои тиҷорӣ ва марзӣ байни Эрон ва Покистон

Мақомоти Эрону Покистон бар тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои мухталиф, бавижа дар бахши ҳамкориҳои марзӣ ва баҳрӣ таъкид карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сайидмуҳаммадалии Ҳусайнӣ-сафири Эрон дар Покистон бо Алии Зайдӣ-вазири дарёнавардӣ ва киштиронии Покистон дар Исломобод дидор ва бо вай дар бораи зарурати тавсеъаи муносиботи иқтисодӣ ва тақвияти ҳамкориҳои марзӣ гуфтугӯ кард.

 Дар ин дидор мавзӯъоти мухталиф аз ҷумлаи сохти гузаргоҳҳои нави марзӣ, тақвияту афзоиши бозорчаҳои марзӣ ва ҳамкориҳои муштарак дар бахши баҳрнавардӣ мавриди баҳсу гуфтугӯ қарор гирифт.

 Сайидмуҳаммадалии Ҳусайнӣ-сафири Эрон дар Покистон зимни ибрози хурсандӣ аз ин дидор гуфт : Тақвияту афзоиши бозорчаҳои марзӣ яке аз мавзӯъоти муҳимме буд, ки дар ин дидор мавриди баҳсу гуфтугӯ қарор гирифт, ки ин амр метавонад зимни беҳбуди вазъияти маъишатии марзнишинони ҳар ду кишвар муҷиби тавсеъаву тақвияти мубодилоти тиҷорӣ байни ду кишвар шуда ва фурсатҳои ҷадидеро барои афзоиши касбу кор эҷод хоҳад кард.

 Ҳусайнӣ афзуд:Тарҳҳоеро, ки тарафи покистонӣ дар ҳавзаи киштиронӣ ва ҳамлу нақли мусофир байни бандарҳои Покистону дигари кишварҳои ҳамсоя аз ҷумла Эрону Ироқ дар назар дорад, метавонад паёмади хуб аз ҳамкориҳои мутақобил дошта бошад.

 

 Бештар бихонед :

 

Барчасп