Январ 28, 2021 21:19 Asia/Dushanbe
  • Судури муҷаввизи масрафи изтирории ваксинаи Спутник V -и Русия дар Эрон

Раиси маркази равобити умумӣ ва итилоърасонии вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз судури муҷаввизи масрафи изтирории ваксинаи русии корона дар кишвар хабар дод.

 Ба гузориши ИРНА , Киёонуш Ҷаҳонпур рӯзи панҷшанбе гуфт: Дар бисту чаҳорумин ҷаласаи Комиссиюни қонунии ташхис ( салоҳияти сохту вуруди дору ва маводи биологӣ) созмони ғизову дору муҷаввизи масрафи изтирории ваксинаи Sputnik V ,маҳсули ширкати Гималиёи кишвари Русия дар форми маҳлули яхкунондашудаи  1 доза  5 доза дар Эрон содир шуд.

Раиси маркази равобити умумӣ ва итилоърасонии вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон изҳор кард : Раванди баррасии ваксинаҳои дигар аз кишварҳои Ҳиндустон , Чин , Русия ва ғайра ҳамчунон идома дорад.

 Саиди Намакӣ-вазири беҳдошти Эрон низ рӯзи гузашта (чаҳоршанбе) дар бораи охирин вазъияти ваксинаи корона гуфт : Дар сабти ваксинаи корона аз чаҳор манбаи муҳими ёдшудаи дар ҳоли кор ҳастем.

 

 Бештар бихонед :

 

Барчасп