Январ 29, 2021 16:24 Asia/Dushanbe
  • Зариф омодагии Эронро барои ҳамкории густарда дар барқарории амнияти минтақаӣ эълом кард
    Зариф омодагии Эронро барои ҳамкории густарда дар барқарории амнияти минтақаӣ эълом кард

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон таъкид кард, ки танҳо роҳи барқарории амнияту оромиш, ҳамкории густарда байни кишварҳои минтақа аст.

Ба гузориши ИРНА, Зариф панҷшанбешаб дар паёме твиттерӣ ба забони арабӣ навишт: “Ҳамсоягони арҷманд, фурсате эҷод шудааст то дубора дар мавзӯи амнияти минтақа биандешем”.

Вай бо баёни ин ки амниятро наметавон харид ва ё бо анбошти силоҳ барқарор кард, афзуд: Танҳо роҳи барқарории амнияту оромиш, ҳамкории густарда байни кишварҳои минтақа аст ва Эрон ҳамвора омодагии худро барои фаъол кардани ин ҳамкорӣ эълом кардааст.

Вазорати хориҷаи Эрон ҳамвора кишварҳои арабии халиҷи Форсро ба ҳамкорӣ барои таъмини амният ба ҷойи кумак гирифтан аз кишварҳои бегона даъват кардааст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп