Асарбахш будани ваксинаи эронии Ковиди 19 бар вируси коронаи англисӣ
(last modified Sat, 30 Jan 2021 12:40:06 GMT )
Январ 30, 2021 17:40 Asia/Dushanbe
  • Мудири лоиҳаи ваксинаи эронии корона мегӯяд, ки ин ваксина вируси ҷаҳишёфтаи англисиро беасар кардааст.
    Мудири лоиҳаи ваксинаи эронии корона мегӯяд, ки ин ваксина вируси ҷаҳишёфтаи англисиро беасар кардааст.

Масъули гурӯҳи таҳқиқотии тавлиди ваксинаи эронии корона гуфт, ки ин вирус тавонист ба таври комил вируси ҷаҳишёфтаи коронаи англисиро хунсо кунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории садо ва симои Эрон, Ҳасан Ҷалилӣ масъули гурӯҳи таҳқиқотии тавлиди ваксинаи корона дар Эрони рӯзи шанбе дар бораи таъсири ваксинаи эронӣ «Ков Эрон Баракат » ( COV Iran Barkat ) рӯи вируси коронаии англисӣ гуфт: «Рӯи намунаи хун се нафари аввал, ки ду дозаи ваксинаи Ков Эрон Баракатро дарёфт карда буданд, озмоишҳо ва контролҳо мутобиқи стандартҳо анҷом шуду натиҷа нишон дод, ки плазмаи ин афрод ба тавр комил метавонад вируси ҷаҳишёфтаи англисиро беасар кунад.»

Масъули гурӯҳи таҳқиқотии тавлиди ваксина дар ситоди иҷроии фармони Ҳазрат Имом ( раҳ ) гуфт: «Дар вируси ҷаҳишёфтаи англисӣ қудрати сирояти вируси 70 дарсад афзоиш аст.»

Марҳалаи як эмгузории инсонии нахустин ваксинаи коронаии сохти муҳаққиқони эронӣ бо номи « Ков Эрон  Баракат», 29 декабри 2020 рӯи довталабон оғоз шуд.

Қарор аст ваксинаи эронии корона дар марҳалаи нахуст дар давраи думоҳа ба 56 довталаб тазриқ шавад.

 

Бештар бихонед: