Январ 30, 2021 19:07 Asia/Dushanbe
  • Ду филми мустанад, як филми бадеӣ ва аниматсионӣ аз Эрон барои дарёфти Оскар дар соли 2021 роҳхат гирифтанд
    Ду филми мустанад, як филми бадеӣ ва аниматсионӣ аз Эрон барои дарёфти Оскар дар соли 2021 роҳхат гирифтанд

Ду филми мустанади эронии "Кудетои 53" ва "Ҳунари дар хатар зиндагӣ кардан" дар бахши беҳтарин филми мустанад ба 93-юмин давраи ҷоизаи Оскар роҳхат гирифтааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз торнамоии расмии академияи Оскар, мустанади «Кудетои 53 » сохтаи Тақии Амиронӣ ва «Ҳунари дар хатар зиндагӣ кардан » бо коргардонии Минои Кишоварз ба намояндагӣ аз синамои Эрон, дорои шароити рақобат барои Оскари беҳтарин филми мустанад шинохта шуданд.

Мустанади 119 дақиқаии "Кудетои 53" талош дорад то бархе ногуфтаҳо аз кудетои 28 мурдоди 1332 ( 19 агусти 1953 )-ро, ки ба сарнагунии давлати миллии доктор Муҳамади Мусаддиқ дар Эрон анҷомид,  матраҳ кунад.

Мустанади "Ҳунари дар хатар зиндагӣ кардан" низ маҳсули муштараки Эрону Олмон аст ва ба мавзӯи хушунати хонагӣ ме‌пардозад.

Феҳрасти номзадҳои ниҳоии наваду сеюмин давраи ҷавоизи Оскар 15 март эълом мешавад ва маросими эҳдоии ҷоизаҳо низ бо ҳашт ҳафта таъхир 25 апрели 2021 баргузор хоҳад шуд. 

Чанде пеш низ эълом шуд филми достонии  "Хуршед ва пуёнамоӣ (анимейшен ) "Гургам ва гала мебарам" аз Эрон ба Оскари 2021 роҳ ёфтанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп