Январ 30, 2021 22:27 Asia/Dushanbe
  • Охирин омори корона дар Эрон то рӯзи шанбеи 30 январи соли 2021 эълом шуд
    Охирин омори корона дар Эрон то рӯзи шанбеи 30 январи соли 2021 эълом шуд

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз фавти 82 бемори дигари Ковиди 19 дар ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, сухангӯи Вазорати беҳдошт,  дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон Симо Содоти Лорӣ рӯзи шанбе бо эъломи охирин омори мубталоён ва ҷонбохтагони корона дар Эрон ба хабарнигорон гуфт: «Дар 24 соати гузашта бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ 6 ҳазору 317 бемори ҷадиди Ковиди 19 дар Эрони шиносоӣ ва 506 нафар бистарӣ шуданд.»

 

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон ҳамчунин гуфт: «Бо фавти 82 нафар аз беморони мубтало ба Ковиди 19 дар 24 соати гузашта теъдоди ҷонбохтагони ин беморӣ дар Эрон ба 57 ҳазору 889 нафар расид.»

Хонум Лорӣ афзуд: «Маҷмӯи беморони Ковиди 19 дар Эрон ба як миллиону 411 ҳазору 731 нафар расидааст, ки хушбахтона токунун як миллиону 202 ҳазору 893 нафар аз онон беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.»

Теъдоди беморони Ковиди 19 дар ҷаҳон низ ба беш аз 102 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод дасти кам ду миллиону 218 нафар ҷони худро аз даст доданду беш аз 74 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп