Январ 31, 2021 10:12 Asia/Dushanbe
  • Имрӯз солрӯзи вурӯди бунёнгузори кабири Ҷумҳурии Исломии ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ.) ба Эрон аст
    Имрӯз солрӯзи вурӯди бунёнгузори кабири Ҷумҳурии Исломии ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ.) ба Эрон аст

Имрӯз якшанбе 12 баҳман баробар бо 31 январи 2021 оғози Даҳаи мубораки фаҷри Инқилоби исломӣ, солрӯзи вурӯди бунёнгузори кабири Ҷумҳурии исломӣ ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ.) ба Эрон аст.

42 соли пеш дар чунин рӯзе 12-уми баҳмани соли 1357 ҳиҷрии шамсӣ (1феврали 1979) ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ.) пас аз понздаҳ сол дурӣ ва табъид аз ватан дар миёни истиқболи пуршӯри мардум қадам ба хоки Эрони исломӣ гузоштанд.

Пас аз гузашти даҳ рӯз аз вурӯди эшон ба Эрон дар рӯзи 22 баҳмани соли 1357 (11 феврали соли 1979), инқилоби шукӯҳманди исломии Эрон ба пирӯзӣ расид.

Ба ҳамин далел дар Эрон аз рӯзи 12-уми баҳман, яъне рӯзи вурӯди имоми Хумайнӣ (раҳ.) ба кишвар то 22-уми баҳман, ки рӯзи пирӯзии Инқилоби Исломӣ аст, "Даҳаи фаҷр" номгузорӣ шудааст ва ҳар сол ҷашнҳо ва маросими вижаи пирӯзии Инқилоби Исломӣ дар ин айём баргузор мешавад.

Имсол ба далели густариши корона ҷашнҳои “Даҳаи фаҷр” бо халлоқиятҳо ва тарҳҳои вижа баргузор мешавад.

 

 

Барчасп