Раҳбари муъаззами инқилоб дар марқади имоми Хумайнӣ (раҳ) ҳузур ёфтанд
Ҳамзамон бо оғози “Даҳаи фаҷр” ва дар остонаи 42-умин солрӯзи пирӯзии шукӯҳманди Инқилоби Исломӣ, ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар нахустин соатҳои субҳи имрӯз (якшанбе) бо ҳузур дар марқади бунёнгузори кабири Инқилоби Исломӣ ва иқомаи намоз ва қироати Қуръон, ёди раҳбари бузурги миллати Эронро гиромӣ доштанд.
Ҳазрати Оятулоҳ Хоманаӣ ҳамчунин бо ҳузур бар мазори шаҳидони олимақоме ҳамчун шаҳидон Биҳиштӣ, Раҷоӣ ва Боҳунар ва шаҳидони амалиёти террористии июни 1981 афзӯнии дараҷоти ононро аз Худованди мутаъол хостор шуданд ва ба арвоҳи мутаҳҳари мудофеъони ислом ва Эрон дурӯд фиристоданд.
Имрӯз якшанбе 12 баҳман баробар бо 31 январи 2021 оғози Даҳа мубораки фаҷри Инқилоби Исломии Эрон аст.
42 соли пеш дар чунин рӯзе 12-уми баҳмани соли 1357 ҳиҷрии шамсӣ (1феврали 1979) ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ.) пас аз понздаҳ сол дурӣ ва табъид аз ватан дар миёни истиқболи пуршӯри мардум қадам ба хоки Эрони исломӣ гузоштанд.
БЕШТАР БИХОНЕД: