Феврал 02, 2021 18:20 Asia/Dushanbe
  • Охирин омори корона дар Эрон то рӯзи сешанбе, 2 феврали соли 2021 эълом шуд
    Охирин омори корона дар Эрон то рӯзи сешанбе, 2 феврали соли 2021 эълом шуд

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз фавти 72 бемори дигари Ковиди 19 дар ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,  сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омўзиши пизишкии Эрон рӯзи сешанбе бо эъломи охирин омори мубталоён ва ҷонбохтагони корона дар Эрон ба хабарнигорон гуфт: «Дар 24 соати гузашта бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ 6 ҳазору 820 бемори ҷадиди Ковиди 19 дар Эрони шиносоӣ ва 660 нафар бистарӣ шуданд.»

 

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон ҳамчунин гуфт: «Бо фавти 72 нафар аз беморони мубтало ба Ковиди 19 дар 24 соати гузашта теъдоди ҷонбохтагони ин беморӣ дар Эрон ба 58 ҳазору 110 нафар расид.»

Хонум Лорӣ афзуд: «Маҷмӯи беморони Ковиди 19 дар Эрон ба як миллиону 431 ҳазору 416 нафар расидааст, ки хушбахтона токунун як миллиону 223 ҳазору 197 нафар аз онон беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.»

Теъдоди беморони Ковиди 19 дар ҷаҳон низ ба беш аз 104 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод дасти кам ду миллиону 2249 нафар ҷони худро аз даст доданду беш аз 75 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп