Феврал 02, 2021 20:42 Asia/Dushanbe

Чоршанбе 15 баҳман 1399 ҳиҷрӣ-шамсӣ баробар бо бистуми ҷамоди-ус сонии соли 1442 ҳиҷрӣ-қамарӣ ва мутобиқ бо саввуми феврали соли 2021, зодрӯзи хуҷастаи Ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) духтари Паёмбари гиромии ислом (с) аст.

Ҳазрати Фотимаи Заҳро ( с) , духтари гиромии Паёмбари ислом ( с ) ва ҳамсари Ҳазрат Алӣ Ибн Абитолиб ( а ) рӯзи бистуми ҷамоди -ус-сонии соли ҳаштум қабл аз ҳиҷрат дар шаҳри Макка ба дунёи омад.

Ин бонуии гиромӣ аз кӯдакӣ бо роҳнамоиҳои падараш Паёмбари гиромии ислом ( с ) ба олитарин маротиби камол ва илму фазилат даст ёфт.

Ҳазрати Заҳро ( с ) ҳамчунин ба унвони ҳамсари гиромии Имом Алӣ ( а ) инсонҳои бузургу ворастае ҳамчун Имом Ҳасан (а), Имом Ҳусайн (а) ва Ҳазрати Зайнаб ( с )-ро дар домони худ парвариш дод.

Зодрӯзи Ҳазрати Фотимаи Заҳро ( с ) дар Эрон рӯзи зану модар номгузорӣ шудааст ва дар ин рӯз аз мақоми занон ба вижа модарон таҷлил мешавад.

Сайти Порстудейи тоҷикӣ ва радиои тоҷикии Садои Хуросон фарорасии  солрӯзи хуҷастаи валодати босаодати Ҳазрати Фотимаи Заҳро ( с )-ро ба ҳамаи мусулмонон табрик мегӯяд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп